Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ

31.10.2005 14:00, шаҳри Душанбе

31 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ ба сабаби амалҳои террористии дар ин кишвар рухдода барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

"Дар Тоҷикистон хабари рух додани як силсила амалиётҳои террористиро дар ҷойҳои серодами пойтахти Ҳиндустон, ки сабабгори фавти аҳолии осоишта гаштааст, бо ғазаб қабул доштанд.

Ин амалҳои бераҳмонаро мо қатъиян маҳкум намуда, аз тадбиру кӯшишҳои зиддитеррористӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем. Мо ҷонибдори муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризми байналмилалӣ мебошем.

Аз Шумо - Ҷаноби Олӣ хоҳиш мекунам, ки эҳсоси ҳамдардӣ ва тасаллияти моро ба хешу ақрабо ва наздикони ҳалокшудагону маҷрӯҳон расонед".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520