Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31.10.2005 13:00, шаҳри Душанбе

29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар кори он беш аз 30 масъалаи муҳим мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар бораи лоиҳаи Буҷети давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки пешрафти тадриҷии иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар санади асосии молиявии кишвар барои соли оянда инъикоси худро ёфтааст ва афзуд, ки бо назардошти пешравиҳои назаррас маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлату ҳукумат аст, хеле зиёд мегардад.

Мувофиқи лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2006 аз ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ 48 фоиз ё худ 770 млн. сомонӣ барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад. Аз ҷумла ба соҳаи маориф 336 млн. ё 34 фоизи буҷет пешбинӣ шудааст, ки нисбати соли ҷорӣ 34, 4 фоиз зиёд аст, ба соҳаи тандурустӣ 106,5 млн. сомонӣ ҷудо мегардад, ки аз маблағи соли равон 22,6 фоиз зиёд аст, маблағи пардохти нафақа нисбати соли ҷорӣ 22 фоиз зиёд пешбинӣ шуда, барои пардохти эҳтиёҷоти соҳаи фарҳанг ва варзиш дар соли оянда нисбат ба соли 2005 37,1 фоиз маблағгузорӣ бояд зиёд гардад.

Дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2006 ҳаҷми умумии маблағҳо барои сохтмони асосӣ ба маблағи 190 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он нисбати соли 2005 41 фоиз зиёд аст.

Дар бораи лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2006 ҳамчунин вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов гузориш дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки таклифу дархост ва супоришҳои Сарвари давлати Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳангоми ҷаласаҳо, сафарҳо ба вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дар мулоқотҳо бо фаъолон, намояндагони ҷавонон ва дигар категорияҳои аҳолӣ садо дода буданд, ба эътибор гирифта шудаанд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки тадбирҳои пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси пешравии зиёд дар соли оянда хоҳанд гашт.

Дар муҳокимаи лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2006 мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Файзулло Холбобоев, вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии ҷумҳурӣ Ғулом Бобоев, вазири иқтисод ва савдо Ҳаким Солиев, вазири алоқа Саид Зувайдов, раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардонов, раиси Хазинаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Муним Холиқов, раиси Федератсияи итифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ Муродалӣ Солиев, мудири шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Неъматҷон Бӯриев ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2006" бо назардошти таклифу иловаҳои воридгашта тасдиқ ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар маҷлис ҳамчунин барномаҳои давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар кишвар барои солҳои 2006-2010, рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар солҳои 2005-2015, тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010", рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2025, рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 муҳокима гашта, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо вуҷуди ин нишондодҳои соҳаи маориф ғайриқаноат-бахшанд.

Аз ин хотир барои беҳдошти соҳаи маориф ба вазири маориф ва дигар мақомоти дахлдор супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Ба Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, таъкид дошт, ки мақсади асосии он ба роҳ мондани коркарди пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии он дар дохили ҷумҳурӣ аст ва афзуд, ки ба ин кор соҳибкорони ватанӣ васеъ ҷалб ва ба онҳо ҳамаҷониба мусоидат карда шавад.

Як гурӯҳ соҳибкорони ватанӣ, ки ба ин ҷаласа даъват шуда буданд, аз таваҷҷӯҳу ғамхории Сарвари давлат миннатдорӣ изҳор дошта, қавл доданд, ки барои бунёди корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯхти либос, ки коркарди пахтаро то маҳсулоти ниҳоии он таъмин мекунанд, тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона месозанд.

Доир ба ҳама барномаҳои пешниҳодгашта роҳбарони аввали вазорату идораҳои дахлдор гузориш доданд.

Бояд тазаккур дод, ки аксари ин барномаҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шуда, ба пешрафту инкишофи соҳаҳои номбурда равона гаштаанд.

Барномаҳои мазкур бо назардошти таклифу дархостҳои иловагии Сарвари давлат ва аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ карда шуданд.

Дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчунин лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ", "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо", "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон",  "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" муҳокима гашта, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ",  "Дар бораи ҳимояи фаъолияти касбии журналист" ва "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи яроқ" дида шуда, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Як қатор созишнома ва дигар санадҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла Созишнома дар хусуси барои шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам овардани имконияти таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мувофиқи шартҳои барои шаҳрвандони ин давлатҳо таъингардида, инчунин дар бораи ҳифзи иҷтимоии хонандагон ва кормандони педагогии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Созишнома дар бораи эътирофи мутақобила ва баробар донистани хуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти миёна (умумӣ), таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ (махсус), Созишнома байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Арманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, Протокол оид ба тартиби ягонаи иҷозатномадиҳии (литсензиякунонии) содирот ва воридоти мол ва инчунин баъзе намудҳои фаъолияти ба он вобастаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.

Дар ҷаласа лоиҳаи Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда, лоиҳаи Аҳднома байни Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати хизмати давлатии Украина дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди хизмати давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин масоили таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази идораи Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ", ҷудо намудани маблағ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пӯшонидани норасогии фонди музди меҳнати соҳаи маориф дар соли 2005, ҷудо намудани маблағ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли равон ва ба нақша гирифтани кор дар соли оянда ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо дода, таваҷҷӯҳи ҳозиринро махсус ба омодагии зимистони солҳои 2005- 2006, ба ҷашну чорабиниҳои бузурги соли оянда ва амалӣ намудани барномаи 12 моҳи ободонӣ равона намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520