Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Неждет Сезер

29.10.2005 09:00

29 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Неждет Сезер барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Ба муносибати таҷлили солгарди Иди миллии мамлакати Шумо - Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Туркия табрикоти самимии маро қабул намоед. Мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз сатҳ ва инкишофи алоқаҳои судманди Тоҷикистон ва Туркия таъкид намоям.

Боварии комил дорам, ки муносиботи анъанавӣ ва дӯстонаи миёни мамлакатҳоямон дар оянда низ ба хотири манфиати халқҳои мо рушду густариш меёбанд. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва алоқаҳои бисёрҷонибаи миёни ҳарду давлат аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Бо истифода аз ин имконияти фараҳбахш ба Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Президент саломатӣ, саодат ва комёбиҳо, ба халқи дӯсти турк сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520