Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан

24.10.2005 09:00, шаҳри Душанбе

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Хушҳолам, ки Шуморо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз ҷониби худам ба муносибати ҷашни фархундаи 60-солагии Созмони Милали Муттаҳид табрик мегӯям.

Шаст сол боз тақдири сулҳ бо фаъолияти СММ - созмони мӯътабартарини байналмилалӣ ва механизми универсалии таъмини сулҳу амнияти ҷаҳон алоқаи мустаҳкам дорад.

СММ ба душворию мураккабиҳои таърих нигоҳ накарда, дар давоми ин солҳо ягона маркази нодири гуфтӯгӯи муттасил ва ҳамаҷонибаи ҳамаи миллатҳо бобати барқарор намудани сулҳу субот ва муайян кардани асосҳои тартиботи нави сайёра гардид.

Имрӯз ҷаҳони мо хеле тағйир ёфтааст. Давраи интихоби байни ҷангу амонӣ гузашта ва башарият ба давраи нави суботу рушд гузашт, ки дар шароити он СММ бояд мақоми марказию тағйирнаёбандаро касб намояд. Дар ҷараёни машварати ба қарибӣ доиршуда, ки воқеаи бузурге на фақат дар сарнавишти минбаъдаи созмон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳон ва ҳамаи низоми муносибатҳои байналмилалӣ низ гардид, инро ҳамаи давлатҳои аъзои СММ тасдиқ намуданд.

Мехостам ба Шумо барои ташаббусҳои Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шахсан дастгирӣ карданатон миннатдории хоса баён намоям. Мақсад аз ин ташаббусҳо таъмини суботу амният ва таҳкими вазъияти боварию ҳамкории мутақобила ва рӯҳи ҳамкорӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Ба муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ аҳамияти бузург дода, мехоҳам изҳори боварии амиқ намоям, ки рушди густариши минбаъдаи онҳо ба фароҳам омадани дурнамои васеи ҳамкории зичу самарабахшамон мусоидат мекунад.

Иҷозат диҳед, Ҷалолатмаоб, ба Шумо тансиҳатии бардавому беҳбудӣ ва ба Созмони Милали Муттаҳид барои расидан ба мақсадҳои олию наҷиб бурдбориҳо таманно кунам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520