Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими тантанавии гусели гурӯҳи сарҳадбонони Федератсияи Россия

19.10.2005 17:00, шаҳри Душанбе

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии гусели гурӯҳи сарҳадбонони Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, ки дар толори Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ баргузор гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.    

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сарҳадбонони Федератсияи Россия ва дар симои онҳо ба роҳбарияти ин давлати ба мо дӯст арзи сипосу миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки хидмати онҳо барои ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон басо арзишманд аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил имрӯз тасмим гирифтааст, ки ҳифзи марзҳои давлатиро бар дӯши сарҳадбонони худ вогузор кунад, вале ин маънои онро надорад, ки сарҳадбонони рус марзи Тоҷикистонро пурра тарк мекунанд.

"Ҳамкории мо минбаъд низ идома хоҳад ёфт, чунки мо имрӯз ҳам ба кӯмак, маслиҳату машварат ва омӯзиши таҷрибаи бойи сарҳадбонони рус ниёз дорем", - таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва изҳори умед кард, ки ҳамкории сарҳадбонони тоҷик бо мушовирони ҳарбӣ ва гурӯҳи фаврии сарҳадбонони рус минбаъд низ самарабахш ва ба манфиати таъмини амният дар минтақа ҷараён хоҳад гирифт.

Дар маросими гусели сарҳадбонони Россия, ҳамчунин муовини аввали Директори Хадамоти федеролии амният, роҳбари Раёсати сарҳадбонии Федератсияи Россия Владимир Проничев суханронӣ намуда, аз ҷумла барои саҳми арзандааш дар таҳкими дӯстию ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни давлатҳо ва халқҳои Тоҷикистону Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуд ва таъкид дошт, ки Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Россия минбаъд низ қӯмаку дастгирии худро ба сарҳадбонони тоҷик дареғ намедорад, чунки ба сифати хуби кори онҳо Россия ва ҳамаи кишварҳои дигари минтақа манфиатдоранд.

Аз номи Раёсати Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Россия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои заҳматҳои пайвастаи таҳкимбахши ҳамкориҳои дуҷониба, саҳмгирии амиқ дар таъмини амнияти сарҳадоти ҷанубии ИДМ бо рамзи ифтихории "Муҳофизи ватан" мушарраф гардид.

Дар хотима калиди рамзии сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Сайдамир Зуҳуров супурда шуд.

Ҳамчунин як қатор роҳбарони соҳа, собиқадорон, афсарони шуҷоъи марзбони тоҷик бо ордену медалҳои Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Россия сарфароз гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520