Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

19.10.2005 14:00, шаҳри Душанбе

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, муовини Сарвазир Асадулло Ғуломов, раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов, вазири энергетика Ҷӯрабек Нурмаҳмадов, вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ Ғуломҷон Бобоев, вазири иқтисод ва савдо Ҳаким Солиев ва дигар шахсони масъул машварати корӣ анҷом дод.    

Дар машварат рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳҳои барқи обии "Роғун", "Сангтӯда - 1", омодагӣ ба оғози сохтмони НБО - и "Сангтӯда - 2", роҳу усулҳои содироти минбаъдаи нерӯи барқ ба хориҷи кишвар ва дар ин робита масоили ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ муҳокима гаштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин мавзӯъҳо гузориши муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов ва дигар шахсони масъулро шунида, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо назардошти захираҳои обии кишвар мо имкон дорем истеҳсоли 527 миллиард кВт. соат энергияи барқро ба роҳ монем, вале имрӯз танҳо 5 %- и ин иқтидор мавриди истифода қарор дорад.

Аз ин хотир Сарвари давлат барои ҳарчи зудтар ва босифат бартараф намудани мушкилоти дар иншооти нерӯгоҳҳои "Роғун" ва "Сангтӯда - 1" ҷойдошта, баҳри омодагиҳо ба оғози корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии  "Сангтӯда- 2" ва бунёди воситаҳои иловагии интиқоли барқ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, изҳор дошт, ки маҳз бо анҷом додани ин ва дигар тадбирҳои стратегӣ мо метавонем аз потенсиали гидроэнергетикии мамлакат ба манфиати ҷумҳурӣ ва минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ самаранок истифода барем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориши шахсони масъулро дар ин самти фаъолияти Ҳукумати ҷумҳурӣ шунида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ғамхорӣ зоҳир намудан ба аҳолии ҷумҳурӣ, ба хусус дар моҳи шарифи Рамазон ва фасли зимистон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки мӯҳлат ва сифати иҷрои онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520