Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо иштирокчиёни ҷаласаи 22-юмин Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои аъзои ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон

17.10.2005 10:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов иштирокчиёни ҷаласаи 22-юмин Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмонро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда, иштирокчиёни ҷаласаи навбатии Шӯроро ба хоки Точикистон хайрамақдам гуфт ва афзуд, ки ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи сохтмон яке аз омилҳои асосии муттаҳидкунанда аст. Маҳз ҳамин соҳа имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ дорад, аз ҷумла ба он хотир, ки идораҳои сохтмонии кишварҳои мо пеш ҷузъҳои як системаи ягона буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин таъкид дошт, ки дар қаламрави ИДМ бозори азими маҳсулот ва хизматрасониҳои сохтмонӣ мавҷуд аст, ки аз он мо ҳама сермаҳсул бояд истифода барем. Сохтмончиёни Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо сохторҳои сохтмонии кишварҳои иттиҳод сахт манфиатдоранд, чунки аз ҷаҳду талошҳои муштараки ҳамаи мо татбиқи амалии нақшаҳои бузурги ояндаи мову шумо вобастагии зич доранд.

Дар фароварди баромадаш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов изҳори умед кард, ки ҷаласаи навбатии Шӯро дар Тоҷикистон ба инкишофи минбаъдаи ҳамкориҳои судбахш дар соҳаи сохтмон мусоидат мекунад ва як қатор мушкилоти ҳалталаби ин соҳа дар ин ҷо ҳаллу фасл мегардад.

Вазири рушди минтақавии Федератсияи Россия Владимир Яковлев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои таваҷҷӯҳи бевоситааш ба кори ҷаласаи Шӯро изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки саҳми Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ҷараёни равандҳои муттаҳидсозии имкониятҳои муштараки судбахш дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бисёр назаррас ва боиси пуштибонист.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520