Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои уламо - Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода

19.10.2005 11:00, шаҳри Душанбе

19 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои уламо - Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзодаро ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбат атрофи масоили вобаста ба танзими урфу одат ва маросимҳои динӣ дар ҷумҳурӣ, ҷараёни моҳи шарифи Рамазон, омодагӣ ба иди саиди Фитр мубодилаи афкор сурат гирифт.

Раиси Шӯрои уламо - Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоҷӣ Амонулло Неъматзода дар оғози сӯҳбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ ва хушнудии мусулмонони ҷумҳуриро барои дар сатҳи олӣ баргузор кардани рӯзҳои фарҳанги бостонию оламшумули Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО расонда, нақши Сарвари давлати Тоҷикистонро дар пуштибонӣ аз дини мубини Ислом ва манфиатҳои мусулмонони ҷаҳон аз минбарҳои баланди бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО муҳимму саривақтӣ ва бисёр муассир арзёбӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид дошт, ки баҳри пешгирӣ ва танзими дурусти ин корҳо чораҳои зарурӣ бояд андешида шаванд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки аз харҷу масрафҳои зиёд дар гузаронидани маъракаҳо дида, расондани кӯмак ба оилаҳои камбизоат, хонаҳои ятимону бепарасторон ва маъюбон савоби бештаре дорад.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили гуногуни вобаста ба дини Ислом ва маросими динӣ дар ҷумҳурӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520