Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарони сохторҳои қудратии мамлакат

14.10.2005 17:00, шаҳри Душанбе

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, котиби Шӯрои амният Амирқул Азимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов ва роҳбарони сохторҳои қудратии мамлакат машварат анҷом дод, ки дар он масъалаи ҷараёни татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар машварат ҳамзамон ба ҷараёни омодагии сохторҳои марбута ба фасли зимистони дар пеш истода, таъмини қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимии тобеи соҳа бо маводи сӯхт, инчунин таҳкими мубориза алайҳи нашъамандию нашъаҷаллобӣ диққати махсус дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати назорати қатъии ҳалли ҳарчи зудтари масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520