Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

14.10.2005 10:00, шаҳри Душанбе

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ворис Мадаминов, роҳбарони бонкҳо ва раисони баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба масъалаи ҷамъоварии ғайриқаноатбахши ҳосили пахта машварат гузаронид.

Дар машварат вазъи имрӯзаи ғунучини ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки боду ҳаво сард мешавад, вале суръати ҷамъоварии ҳосил суст ҷараён дорад, ки ба мақсадҳои гузоштаамон мувофиқат намекунад.

Сарвари давлат хотирнишон сохт, ки соли ҷорӣ дар аксарияти хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ нашъунамои пахта ва пухтарасии кӯракҳо нисбат ба солҳои гузашта 10-15 рӯз қафо мебошад.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ эътибори махсус дода, ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти пурсамари хоҷагиҳо, ҳифзи манфиатҳои онҳо ва васеъ ҷорӣ намудани муносибатҳои бозоргонӣ дар истеҳсол, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ кӯшишҳо ба харҷ дода истодааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки имсол барои амалӣ гардондани дурнамои истеҳсоли 610 ҳазор тонна пахта заминаи зарурӣ гузошта шудааст. Кишт дар майдони 288,9 ҳазор гектар дар мӯҳлатҳои хуби агротехникӣ гузаронида шуда, ҳамагӣ дар 9,6 фоизи заминҳо кишти дубора гузаронида шуд. Аксари хоҷагиҳои пахтакор бо маводи зарурӣ бо қадри имкон аз ҷониби сармоягузорон таъмин карда шуда, танқисӣ ба сӯзишворӣ ва об кам мушоҳида карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳолати ҷамъоварии пахтаро дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ғайриқаноатбахш дониста, изҳори ташвиш намуд, ки он ба талаботи рӯз ҷавоб дода наметавонад.

Сари вақт ва мувофиқи талаботи агротехника парвариш наёфтани пахта ва таъмин нагаштани хоҷагиҳои пахтакор бо маводи зарурӣ аз ҷониби сармоягузорон сабаби асосии қафомонии рафти пахтасупорӣ нисбат ба соли гузашта гаштааст.

Мувофиқи гузориши вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ (то 1 август) бо нуриҳои азотӣ 87329 тонна (70,3%), нуриҳои фосфорӣ 43111 тонна (30,6 %) ва нуриҳои калийгӣ 1336 тонна (5,8%)-ро ташкил кард, ки ба ҳар як гектар 304 кг нуриҳои азотӣ, 150 кг фосфорӣ ва 4,6 кг калийгӣ рост меояд.

Дар машварат масъалаи тӯл кашидани шартномабандӣ оид ба истеҳсоли пахта ва бақайдгирии онҳо дар Биржаи универсалии молу ашёи Тоҷикистон сахт зери танқиди Сарвари давлат қарор гирифт.

Кашол ёфтани бастани шартномаҳои муштарак ба таъмини хоҷагиҳо бо нуриҳои минералӣ, сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маводи зарурӣ албатта таъсири манфии худро мерасонад.

Раисони ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон гузориш доданд, ки номусоид омадани обу ҳаво ба пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррасони пахта мусоидат намуд. Хусусан ҳашароти зараррасон ба монанди кирми ғӯза, карадрина ва тортанаккана васеъ паҳн шуда, ба пахтазори ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷумла, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Восеъ, Фархор ва Кӯлоб зарари калон расонид. Дар ноҳияҳои номбурда зидди ин ҳашарот баъзе корҳо гузаронида шуда бошанд ҳам, онҳо пурра несту нобуд карда нашуданд ва ҳосили пахта талаф ёфт. Имрӯз бошад, дар қаламрави вилояти Хатлон ҳашароти сафедболак васеъ паҳн гашта, ба ҳосили пахта зарар оварда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои хизматрасон ва сармоягузоронро якҷоя бо раисони ноҳияҳо вазифадор намуд, ки аз рӯи мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардида назорати зарурӣ бурда, масъулияти шахсии роҳбарони хоҷагиҳоро дар ин бобат баланд бардоранд.

Таъкид гардид, ки раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор, Вазорати кишоварзӣ ва сармоягузоронро зарур аст, ки барои суръат бахшидан ба ҷамъоварии ҳосили пахта бештар қувваи қобили меҳнатро сафарбар намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии чинакчиёни пахта чораҳои амалӣ андешанд.

Дар фароварди ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон ба масоили омодагӣ ба зимистон ва мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дахл намуда, баҳри беҳдошти вазъи корҳо ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520