Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи таҳният ба Шоҳи Испания Хуан Карлоси II

12.10.2005 09:00, шаҳри Душанбе

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания Хуан Карлоси II барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:

"Ба муносибати иди миллии мамлакати Шумо табрикот ва орзуҳоямро дар амри саодату беҳбудии халқи Испания бо ҳаловатмандии бузург ба Шумо ирсол медорам.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания ба нафъи мамлакату халқҳоямон ривоҷ меёбад.

Аз ин имконияти мусоид истифода намуда, ба Шумо, Аълоҳазрат, тансиҳатию саодат ва ба халқи Испания беҳбудию шукуфоӣ орзу мекунам".

Тавре ҳамватанони гиромӣ иттилоъ доранд, заминҷунбии шадид дар Ҷумҳурии Исломии Покистон сабабгори ҳалокати даҳҳо ҳазор афрод ва харобиҳои ниҳоят зиёд гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520