11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Париж бо вазири саноати Фаронса Франсуа Лоос вохӯрӣ намуд.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастию ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои соҳибнуфузи молиявии чаҳон аз қабили Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд ва Бонки тараққиёти Аврупо ислоҳоти муваффақонаи иқтисодиро вусъат мебахшад", - гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аснои мулоқот,.
Сарвари давлат аз нишондиҳандаҳои назарраси собитгари ислоҳоти бобарори иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас шуда, афзуд, ки тайи солҳои охир болоравии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 50 фоизро ташкил дода, дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва гардиши савдои хориҷӣ пешравиҳо эътимодбахшанд. Танҳо дар се соли аввали татбиқи Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ 20 дарсади аҳолии камбизоат аз ин ҳолати ногувор бадар шуданд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, маҳз анҷоми барномаи хурди хусусигардонӣ раванди вусъатноки ғайридавлатикунонии иншооти бузургу миёна, гузариши зина ба зина ба шаклҳои хусусии фаъолият ва рушди устувори иқтисодӣ заминаҳои боэътимод гузошт.
Алҳол ҳамагӣ 6 дарсади захираҳои гидроэнергетикӣ истифода шуда, дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон муваффақона идома дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ва Франсуа Лоос изҳори умеди комил намуданд, ки заминаҳои ҳуқуқию қарордодии аснои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса тавлидшуда ба инкишофи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ вусъати бештар хоҳад бахшид.
Ҷонибҳо дар мавриди ташкили корхонаҳои муштараки коркард ва ташкили вохӯриҳои соҳибкорони ҳарду ҷониб андешаҳои ҷолиб баён доштанд.