Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО

11.10.2005 16:00, Франсия

Қабл аз оғози барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ва ҷавонони соҳибистеъдод дар доираи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, ки дар толори марказии ин созмони бонуфуз баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири Кулли ЮНЕСКО Коичиро Матсуура суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла Сарвари давлати Тоҷикистон ин тадбири муҳимми фарҳангиро ибтидои марҳилаи нави ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО арзёбӣ кард.

Коичиро Матсуура барои саҳми босазо дар инкишофи муносиботи фарҳангӣ, ҳифзу гиромидошти ёдгориҳои таърихӣ ва мавқеи дурбинонаи фарҳангпарварӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон медали тиллои ЮНЕСКО - ро тақдим кард.

Барномаи ҳунарӣ аз ҷониби намояндагони 196 мамлакати дунё бо хушнудии комил пазируфта шуд.

Дар толори бинои театри бузурги операи шаҳри Париж, ки аз қадимтарин театрҳои Аврупо мебошад, барномаи дигари консертии ҳунармандони тоҷик баргузор шуд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520