Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конфронси 33-юми кулли ЮНЕСКО

10.10.2005 12:00, Фаронса

10 октябр дар пойтахти Ҷумҳурии Фаронса Конфронси 33-юми кулли ЮНЕСКО баргузор шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.

"Мавзӯи асосии конфронс маърифати ҳамагонист ва басо рамзист, ки Рӯзи Тоҷикистон ва фарҳанги бостонии он дар ЮНЕСКО ба ин рӯйдоди бузург рост омад", - гуфт аз минбари конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мусо Ибни Ҷаъфар ибни Ҳасанро ба муносибати ба мақоми олӣ ва масъул - Раиси Конфронси кулли ЮНЕСКО интихоб шуданаш табрик намуда, афзуд, ки дар шароити кунунӣ ҷомеаи башарӣ бояд бо назардошти моҳияти хатарҳои муосир ва тамоюлоти харобгари фарҳангӣ ҳамкории олимону адибон, аҳли санъату фарҳангро ба хотири ҳифзи фарҳангҳо ва тавсеаи  муколамаи тамаддунҳо ва пешгирии таҳдидҳои ҳалокатбори бархӯрдҳо ҳамаҷониба таҳким бахшад.

"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи нерӯ ва омилҳои фаъол ба ҳалли решаҳои иҷтимоӣ, маърифату фарҳанг, ба хусус эҷоду таъмини фарҳанги сулҳ талошҳои рӯзафзун ба харҷ дода мешавад", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон ва баҳои баланди ЮНЕСКО-ро барои саҳми бузурги эҷоди сулҳ ба пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе сазовор донистани ҷоизаи шаҳри сулҳ боиси сарфарозии Тоҷикистон маънидод кард.

"Иқдомоти бузурги фарҳангии тоҷикистониён - рушди ҳамаҷонибаи "Шашмақом", тарғиби суннати хоси мусиқии миллии "Фалак", таҷлили ҷашни бузургони илму адабу фарҳанг, бузургдошти шаҳрҳои бостонӣ дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ бо ЮНЕСКО аз қадамҳои устувори шоҳроҳи ҳадафҳои бузурганд", - тазаккур дод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар хатми суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор таклифу пешниҳодҳои судманди фарогири ҳамкориҳои қавитари фарҳангӣ, пешгирии аҳолии сайёра аз мухолифату низоъҳои сиёсӣ ва иҷтимоию низомӣ баён дошт, ки мавриди пуштибонии амиқи иштирокчиёни конфронс қарор гирифт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520