Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои ташкилоти ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ

07.10.2005 15:00, Россия

6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз шаҳри Москва ба шаҳри Санкт-Петербург омад.

Дар пойтахти шимолии Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои ташкилоти ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, дар он муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.

Ҳадафи асосии ташкилот таҳкими босуботи робитаҳои бисёрҷониба, дарёфти роҳҳои наву ба ҳама тарафҳо манфиатноки муносиботи иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили бозори ягонаи мол ва қавитар гардонидани муносиботи дӯстонаи фарҳангию анъанаҳои қадимаи ҳамсоягӣ мебошад, ки бо самтҳои афзалиятноки ЕврАзЭС қаробати воқеӣ дорад. Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Сарони давлатҳои ташкилоти ҳамкории Осиёи Марказӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ин ду ташкилоти соҳибнуфуз як карда шавад, то ки имкониятҳои ҳалли самарабахши нияту нақшаҳои азими ҳамкорӣ бештару беҳтар гардад.

Ин пешниҳоди асосноку воқеии саривақтии Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби кулли сарони мамолики узви Ташкилоти ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ ёфт. Масъулин ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурии сохтори ташкилот муваззаф гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди робитаҳои илмию фарҳангӣ дахл намуда, ташкилу баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россияро аз иқдомоти наҷибу ҷавобгӯи талошу хоҳишҳои халқҳои тоҷику рус арзёбӣ кард.

Дар ҷаласа дар мавриди таъсиси форуми арбобони фарҳангу санъати кишварҳои узв ҳамфикрӣ баён карда шуд.

Дар нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои кори ҷаласа, ки онро раиси Шӯрои Сарони давлатҳои узви ташкилоти ҳамкориҳои иқтисодӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшид, ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520