Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

04.10.2005 12:00, шаҳри Душанбе

4 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он бештар аз 30 масъала ба муҳокима пешниҳод гардид.

Баъди баррасии масоили кадрҳо "Барномаи рушди кино барои солҳои 2006-2010", ки аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷуҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, мавриди муҳокима қарор гирифта, тасдиқ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин барнома таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки дар шароити рушди имрӯзаи иқтисодию иҷтимоии кишвар баҳри эҳё ва афзун намудани шӯҳрати пешинаи кинои тоҷик чораҳои қатъию таъхирнопазир андешидан зарур аст, зеро кино воситаи хуби муаррифӣ намудани Тоҷикистон ва фарҳанги волою бостонии мардуми мо дар арсаи байналмилалӣ аст.

Аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ якчанд лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005", "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи энергетика", "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ", "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга" - ро муҳокима карда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин лоиҳаи Созишнома дар хусуси асосҳои ҳамоҳангсозии регламентҳои техникии давлатҳои аъзои Иттиходи иқтисодии Евразия ва Созишнома дар бораи амалӣ намудани сиёсати мувофиқашуда оид ба ташаккул ва рушди коридорҳои нақлиётии Иттиҳоди иқтисодии Евразияро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масоили ҷамъоварии пахта, пардохти музди чинакчиён, омодагӣ ба зимистон, захираи картошка ва дигар анвоъи меваю сабзавот, парвариши картошкаи тухмӣ барои ҳамаи хоҷагиҳои ҷумҳурӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, парвариши занбӯри асал ва ба роҳ мондани содироти асал дахл намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру санадҳои қабулшуда ба роҳбарону масъулини соҳаҳои мазкур супоришҳои мушаххас дод.

Сарвари давлат таваҷҷӯҳи аъзои Ҳукумат ва масъулинро ба масоили татбиқи амалии лоиҳаҳои иншооти стратегии ҷумҳурӣ, ба мисли сохтмони силсилаи нерӯгоҳҳои барқии обӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгарди байниминтақавии ҷумҳурӣ ва шоҳроҳҳои байналмилалӣ, бунёди нақбҳои Анзоб, Шаҳристону Шаршар ҷалб намуда, дастуру супоришҳои мушахас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520