Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао

01.10.2005 09:00, шаҳри Душанбе

1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Мехоҳам ба муносибати таҷлили иди мамлакати Шумо - Рӯзи эълон шудани Ҷумҳурии Мардумии Чин табрикоти самимитаринро ба Шумо ирсол намоям.

Мехостам аз ин имконияти ҳаловатбахш истифода намуда, бори дигар қайд намоям, ки мо хоҳони рушди босуръати ҳамкории ҳамаҷонибаи байни ҳар ду мамлакат мебошем. Аз натиҷаи мулоқотҳои чандинкарата бо Шумо хеле қаноатмандам. Аминам, ки мо бо саъю кӯшиши якҷоя метавонем ба ҳамкории байни Тоҷикистону Чин қувваи нав бахшида, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориро бо мисолҳои нав мустаҳкам намоем

Иҷозат диҳед, бо орзуҳои самимӣ ба Шумо тансиҳатӣ, саодату муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Чин беҳбудию шукуфоии минбаъдаро баён кунам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520