Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи расмии фабрикаи ресандагии "Истеко-текстайл"-и ноҳияи Бохтар

30.09.2005 18:00, ноҳияи Кӯшониён

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бохтар омада, дар маросими ифтитоҳи расмии фабрикаи ресандагии "Истеко-текстайл" ширкат намуд.

Сарвари давлат бо ҳайати ҳамроҳонаш аз корхона дидан карда, бо шароитҳои кории коргарон ва иқтидорҳои истеҳсолии он аз наздик шинос шуд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади татбиқи амалии сиёсати иқтисодии пешгирифтаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ҶСШП "Истеко-текстайл" дар бозори дохилии Тоҷикистон аз соли 2002 фаъолияти самарабахш дорад.

Ҳадафҳои ниҳоии иқтисодии ин ширкат муҳайё намудани шароитҳои коркарди амиқи нахи пахта дар дохили ҷумҳурӣ аст, то ки дар роҳи ба шакли маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар содир намудани пахтаи тоҷик саҳм дошта бошад.

Ин корхона бо таҷҳизоти техникии дорои технологияи олии сохти олмонӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди 3110 тонна пахтаро дар як сол доро аст. Аз ин миқдор нахи пахта 2800 тонна риштаи аълосифат истеҳсол карда мешавад.

Ҳоло дар корхона мутахассисони олмониву чех кадрҳои маҳаллиро барои фаъолияти пурсамар дар ин дастгоҳҳои ҳозиразамон омода месозанд.

Ин дастгоҳҳои муосир имконият медиҳанд, ки ҳатто аз навъҳои чорум ва панҷуми пахта риштаи хушсифат истеҳсол шавад.

Дар сохтмон ва ба кор андохтани корхонаи мазкур 8,1 млн.доллари ИМА харҷ шудааст, ки он аз тарафи Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, "Ориёнбонк" ва "Тоҷикпромбонк" пардохт гардидааст.

Корхона дар се баст фаъолият намуда, дар ҳар басти он 150 нафар кор мекунад, яъне дар ин ҷо 450 нафар соҳиби ҷои кор ва маоши баланд гардидаанд. Маоши коргарон аз 180 то 250 сомониро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти корхона ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки то моҳи ноябри соли равон иқтидори истеҳсолии онро ба 5000 тонна мерасонанд. Онҳо ҳамчунин иброз доштанд, ки минбаъд нақшаҳои истеҳсоли матоъҳои пахтагин ва маҳсулоти тайёри ниҳоиро амалӣ карданианд. Дар амал татбиқ намудани ин нақшаҳо аллакай аз соли оянда оғоз мегардад.

Зимни мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сармоягузорони соҳаи пахтакорӣ оид ба камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ сухан гуфта, таъкид дошт, ки аз ҳар рӯзи боду ҳавои мусоид барои ҷамъоварии пахта самаранок истифода бурда шавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520