Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иди Сайри харбуза ва помидор

30.09.2005 14:00, шаҳри Бохтар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иди Сайри харбуза ва помидор, ки дар кӯчаи марказии шаҳри Қурғонтеппа таҷлил мегашт, иштирок намуд. Ба роҳ мондани чунин идҳои қадимаи мардумӣ ва иштироки роҳбари давлат дар он аз эҳтиром ва посдории расму оини ниёгон ва ҳамчунин саҳмгузории бевосита дар тарғибу ташвиқи рушди соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ арзёбӣ мегардад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат бо деҳқонони асил ва мутахассисони соҳа сӯҳбатҳо ороста, баҳри ривоҷу равнақи зироаткорӣ, истеҳсоли анвои беҳтарини харбуза ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулин ва мутахассисон дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷараёни иштирок дар иди Сайри харбуза Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин баромад намуда, ҳадафҳои асосии сафари кории худ ва аъзои Ҳукумати ҷумҳуриро ба шаҳру ноҳияҳои водии Вахш ва минтақаи Қӯрғонтеппа аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва хоҷагиҳо, аз ҷумла ҳолати хоҷагиҳои кишоварзӣ, шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта ва муайян кардани вазифаҳову ҳадафҳо барои оянда арзёбӣ намуд.

Маросими идонаи Сайри харбуза бо намоиши театрикунонидаи ҳунармандони вилояти Хатлон ва консерти идона анҷом ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520