30 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти татбиқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлон сафар кард.
Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои пахтаи иҷоракор Сайдулло Абдуллоев ва Муқимбой Резмонов воқеъ, дар хоҷагии тухмипарварии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар дидан кард.
Сарвари давлат дар майдони пахтазор бо аҳли заҳмат, яъне занону духтарон аз наздик сӯҳбати озоду самимӣ намуда, аз ҷумла аз вазъи корҳои саҳроӣ, ҳосилнокии пахта, маоши чинакчиён, омода кардани тухмиҳои серҳосилу ба касалиҳо ва иқлими маҳал тобовар ва аз шароити рӯзгори мардум пурсон шуда, ба мутахассисони сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ дар ин соҳа баҳри таъмин намудани пахтакорони ҷумҳурӣ бо тухмиҳои беҳтарин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корхонаи пахтатозакунии Ҷаъмияти саҳҳомии шакли кушодаи ба номи Файзалӣ Саидов ташриф овард. Дар ин ҷо Сарвари давлат бо шароити кории коргарон, иқтидорҳои истеҳсолии корхона, рафти қабул ва коркарди пахта шинос шуда, бо коргарону мутахассисони соҳа аз наздик сӯҳбат намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ин корхона иқтидори коркарди 20 ҳазор тонна пахтаро дар як сол доро аст. Ҳоло 70 фоизи ин иқтидор мавриди истифода қарор дорад.
Дар корхона 185 нафар кор мекунад, ки аз онҳо 22 нафараш зан мебошад. Ғайр аз ин дар давраи қабулу захираи пахта беш аз 20 нафари дигар ба кор ҷалб мешавад. Музди миёнаи коргарон 110 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта хеле зиёд аст.
Аз ҷониби роҳбарияти корхона ба Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон қавл дода шуд, ки маоши коргарон аз 110 ба 300 сомонӣ расонда мешавад, дастуру супориш ва маслиҳатҳои судбахши роҳбари давлат дар амал татбиқ мегарданд.