Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конференсияи дуюми ҳамоҳангсозии кӯмаки кишварҳои мададрасон, ки дар мавзӯи "Ҳамкорӣ ба хотири амният ва рушд дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон"

27.09.2005 12:00, шаҳри Душанбе

27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи дуюми ҳамоҳангсозии кӯмаки кишварҳои мададрасон, ки дар мавзӯи "Ҳамкорӣ ба хотири амният ва рушд дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон" дар Кохи "Ваҳдат"-и пойтахт доир гашт, иштирок ва суханронӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи намояндагони кишварҳои мададрасон, созмонҳои байналмилалӣ ва сафирони давлатҳои хориҷии муқими Тоҷикистонро ба масоили ташвишовари хатари аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эҷодшаванда ҷалб намуда, изҳор дошт, ки қисмати зиёди фоида аз фурӯши ин моддаҳои заҳрнок ба дастгирии терроризму экстремизм равона мегардад.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки қисмати зиёди он аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паҳн мегардад, қарор дорад. Мубориза бар зидди ин хатари умумиҷаҳонӣ иштироки ҳамаи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳар як шахсро талаб мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин мавзӯъ изҳор дошт, ки аз замони ба зери посбонии сарҳадбонони тоҷик гузаштани сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда ду маротиба афзуд. Маводи нашъадоре, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира гардидааст, ба ҳаҷми умумии маводи дар ду соли пеш мусодирагашта баробар аст.

Қайд гардид, ки имрӯз ҳеҷ як кишвари ҷаҳон ҳатто давлатҳои абарқудрат имконияти ба танҳоӣ бартараф намудани таҳдиди ин хатарҳоро надоранд. Аз ин хотир барои ба ҳадди ақал расонидани хатари аз маводи мухаддир эҷодшаванда Тоҷикистон омода аст, бо ҳама кишварҳои олам ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории судбахш дошта бошад.

"Мо ҷонибдори созмон додани Консепсияи умумии мубориза бар зидди маводи мухаддир, пеш аз ҳама дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳастем, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки, - ин ташаббусро мо борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла аз минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намудаем ва баҳри қабул гаштану дар амал татбиқ шудани он минбаъд низ пофишорӣ хоҳем кард".

Хотиррасон мекунем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи Комиссияи Аврупо оид ба мусоидати идоракунии сарҳадҳо дар Осиёи Марказӣ доир шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520