Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обӣ ба шаҳри Роғун

26.09.2005 17:00, шаҳри Роғун

26 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обӣ ба шаҳри Роғун сафар кард.

Дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири энергетика ва саноати Федератсияи Россия Виктор Христенко, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раиси Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Русский Алюминий"-и Федератсияи Россия Олег Дерипаска ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъди буридани лентаи рамзӣ ба муносибати оғози расмии корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар назди ҳозирин баромад намуда, ҳамагонро бо ин қадами устувори таърихӣ табрику муборакбод гуфт.

Сарвари давлат сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегиро ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон номид ва афзуд, ки ин кор ҳамчунин саҳми арзандаи Тоҷикистону Россия дар наҷоти баҳри Арал хоҳад буд, ки аҳамияти муҳимми минтақавӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар сурати татбиқи амалии ҳамаи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи нерӯи барқ дар минтақа табдил меёбад, чунки танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли ҳозир бе назардошти зиёдшавии рӯзмарраи талаботи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳар сол 150 млрд. кВт соат нерӯи барқ истифода мекунанд ва талаботи онҳо рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш дорад.

Дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба оғози корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ҳамчунин вазири энергетика ва саноати Федератсияи Россия Виктор Христенко баромад намуда, бо арзи табрику таҳният сохтмони ин иншооти бузургро намунаи олии ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Россия номид. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки Тоҷикистону Россия ба ҳайси ду кишвари дӯсту шарики стратегӣ ҳамкориҳои худро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар идома хоҳанд дод.

Дар ҷамъомад раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Русский Алюминий"-и Федератсияи Россия Олег Дерипаска низ баромад карда, ҳозиринро табрик намуд.

Бояд тазаккур дод, ки нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки сохтмони қаблии он ҳанӯз соли 1976 оғоз ёфта буд, яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Сохтмони сарбанди он соли 1987 шурӯъ гашта, баландиаш то соли 1993 ба 40 метр расида буд. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони нерӯгоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфта аст.

Дар ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун қатъ гардид.

Аз рӯи нахустлоиҳаи сохтмони он Нерӯгоҳи барқии обии Роғун барои интиқоли барқ ба шабакаҳои муттаҳидаи барқии Осиёи Миёна пешбинӣ шуда буд. Нерӯгоҳ бояд ҳар сол 13,3 млрд кВт-соат нерӯи барқ тавлид мекард. Обанбори он, ки ғунҷоиши фоиданокаш 8,6 км3 пешбинӣ шуда буд, бояд барои обшор кардани заминҳои кишт истифода бурда мешуд Сарбанди нерӯгоҳ аз 97 млн. м3 сангу шағал сохта шуда ва баландии он бояд ба 335 м мерасид.

Акнун татбиқи амалии ин ҳама нақшаю лоиҳаҳо ва ормонҳои мардуми Тоҷикистон бо ҷаҳду талош ва ташаббускориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нав оғоз ёфт.

Дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва пофишориҳои зиёди Сарвари давлат 16 октябри соли 2004 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Русский алюминий" (РусАл) дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлат Созишнома оид ба ҳамкориҳои дарозмӯҳлати миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии "русский алюминий" ба имзо расид.

Дар қисми аввали Созишнома татбиқи лоиҳаи ба итмомрасонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун дар назар дошта шудааст. Яъне дар давраи аз 1 январи соли 2005 то 31 декабри соли 2009 тарафҳо якҷоя марҳилаи аввали ба итмомрасонии сохтмони муҷтамеи гидроэнергетикии Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро, ки ба корандозии ду агрегати Нерӯгоҳро ба иқтидори тақрибан 4 млрд.кВт-соат дар як сол таъмин менамояд, амалӣ месозад.

Тибқи Созишномаи ҳамкорӣ Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Русский Алюминий" дар рушди соҳаҳои гидроэнергетика, кимиё, металургияи ранга ва ҷиҳати тайёр намудани кадрҳо барои ин соҳаҳо ширкати фаъол меварзад.

Пешбинӣ шудааст, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз навбати аввали он бо сарбанди баландиаш 200 м оғоз мегардад. Дар лоиҳа сохтмони пурраи нирӯгоҳ низ дарҷ гардидааст.

Анҷоми муваффақонаи ин тадбирҳои наҷиб имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши барқро ба хориҷи кишвар ба роҳ монда, буҷети давлатиро ғанӣ гардонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520