Дар доираи ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор мамолики олам ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом дод.
Робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, ки ба сифати бузургтарин ташкилоти байналхалқӣ эътироф шудааст, ривоҷу равнақи тозаро касб менамояд. Ин мавзӯъ дар ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, ки рӯзи 16 сентябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, таъкид гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саҳм ва нақши Созмони Милали Муттаҳид дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа, рушди Тоҷикистон ва амнияту пойдории Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр сохт, ки маҳз таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид сулҳи тоҷикон ба марҳилаи ниҳоии худ расид ва имрӯз Тоҷикистон дар радифи кишварҳои пешрафта торафт мавқеи устуворро касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ ҳамкориҳоро бо Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи санаду ҳуҷҷатҳои қабулшуда идома диҳад.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба кӯшишҳои Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ва таҳкими амнияти минтақавӣ баҳои баланд дод.