Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 14-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

08.09.2005 17:00, шаҳри Душанбе

8 сентябр ба муносибати 14-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои мухталифи чаҳон, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои мухталифи мамлакатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида барқияҳои табрикӣ ворид гардиданд. Онҳо мардум ва кишвари моро бо ин иди фархунда табрик намуда, изҳори орзуи муваффақияту комёбӣ менамоянд. Барқияҳои табрикотӣ аз номи Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти ИМА Ҷорҷ Буш, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсинтао, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор Абдул Камол, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Парвиз Мушарраф, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Фаронса - Жак Ширак, Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон - Хорст Кёлер, Президенти Ҷумҳурии Туркия - Аҳмад Неҷет Сезар,  ҳамчунин номаҳои табрикӣ ба унвони Сарвари давлат аз Шоҳи Испания - Хуан Карлос, Президенти Ҷумҳурии Словения - доктор Янез Дрновшек, Ноиби Президент ва Сарвазири Амороти Муттаҳидаи Араб - Мактум бин Рашид Оли Мактум, Президенти Тотористон - Минтемир Шаймиев ворид шуданд. Барқияҳои табрикии худро Котиби генералии Ташкилоти аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - Николай Бордюжа, Вазири мудофиаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - Доналд Рамсфелд, Директори генералии ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид - Жак Дюф, Президенти ташкилоти байналмилалии "Сока Гаккай" - Дай Саку Икеда, сафирони кишварҳои хориҷии муқими Душанбе фиристоданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520