Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мусобиқаи нахустини байналмилалии теннисбозони наврас

03.09.2005 17:00, шаҳри Душанбе

3 сентябр дар таърихи варзиши Тоҷикистон бахусус тенниси тоҷик, сафҳаи нав кушода шуд, ки ин рӯйдод бо сатрҳои заррин сабт хоҳад гардид.

Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ мусобиқаи нахустини байналмилалии теннисбозони наврас барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз гардид, ки он як ҳафта идома меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмонон ва иштирокчиёни мусобиқаро табрик намуда, кушодашавии мусобиқаро эълон кард. Варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ ва омили хуби натанҳо тарбияи рӯҳиву ҷисмонӣ, балки беҳтарин восита баҳри шиносоиву дӯстии байни ҷавонон номид. Зикр кард, ки мусобиқаи мазкур ба рушди тенниси тоҷик мусоидат намуда, дар пайдо ва кашфи варзишгарони боистеъдод кӯмак мекунад.

Мусобиқаи байналмилалии теннисбозони наврас дар соли 2005, ки аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид Соли байналамилалии варзиш эълон шудааст, дар варзиши тоҷик ҳодисаи арзишманд аст. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик ҳамин наврасон дар арсаи байналмилалӣ дар қатори дигар теннисбозони ҷаҳонӣ соҳибном шуда, боиси ифтихори Тоҷикистон мешаванд.

Сарвари давлат ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа барои ноил шудан ба дастовардҳои варзишӣ ва дарёфти Ҷоми Президент барору комёбӣ орзу намуд ва изҳори умед кард, ки мусобиқа ба иди зебоию чолокӣ ва бардамии наврасон табдил ёфта, ҷолибу хотирмон хоҳад гузашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520