Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози фаъолияти Муассисаи давлатии телевизиони "Сафина"

03.09.2005 17:00, шаҳри Душанбе

3 сентябр дар арафаи таҷлили 14-умин солгарди Истиқлолияти кишвар дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии кишвар боз як рӯйдоди муҳимму фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст. Дар пойтахти ҷумҳурӣ муассисаи давлатии телевизиони "Сафина" ба фаъолият шурӯъ кард. Оғози пахши барномаҳои шабакаи сартосарии телевизиони "Сафина" ифодагари дастовардҳои нави фарҳангу иттилоот дар Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, амалисозии умеду ормонҳои деринаи фарҳангиёни сарзамин аст.

Дар маросими ифтитоҳи ин шабакаи телевизионӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Хайриниссо Мавлонова, аъзои Ҳукумат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, аҳли зиё ва хабарнигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.

Сардори давлат ҷамъомадагон ва мардуми мамлакатро бо ин воқеаи фараҳбахш табрик намуда, ҳамчунин ифтитоҳи ин муассисаи телевизиониро падидаи нек номид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520