Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд

01.09.2005 17:00, шаҳри Панҷакент

1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд омад. Дар мавзеи Саразми ноҳияи Панҷакент мардуми ноҳия Сарвари давлатро бо дилгармию умедҳои зиёд ва хушнудии бепоён истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар расми ба истифода додани мактаби наву замонавии № 20-и шаҳраки навбунёди Саразми ноҳияи Панҷакент, ки барои 320 хонанда пешбинӣ шудааст, иштирок намуд. Сарвари давлат лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти мактаби нав оғоз бахшид ва занги аввал бори нахуст дар ин мактаб дар ҳузури Сарвари давлат садо дод.

Президенти ҷумҳурӣ аз синфхонаҳо ва шароити таълимии мактаб дидан карда, барои иҷрои корҳои минбаъда ба масъулин як қатор дастуру супоришҳо дод.

Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо муаллимону хонандагони мактаб ва аҳли шаҳрак онҳоро бо ифтитоҳи мактаби нав, оғози соли хониш ва солгарди 14-уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани хонаҳои нави истиқоматӣ ба мардуми аз офати табиӣ зарардида шинос шуд. Калиди нахустин хонаи омодагашта ба сокини собиқи деҳаи Вахаштан Норимов Норалӣ аз ҷониби Сарвари давлат супурда шуд. Имрӯз ҳамагӣ 60 хонаи сохтмонашон ба анҷомрасида дар фазои тантанавӣ ба истифода дода шуданд. Боз 50 хонаи дигар ба наздикӣ бояд супорида шавад.

Дар бунёду ободкунии хонаҳои нав ташкилоту муассисаҳои алоҳида низ ширкат мекунанд, аз ҷумла 4 хонаи шаҳраки нави Саразм бо маблағгузории масҷиди ҷомеи шаҳри Панҷакент бунёд гардидааст. Сарвари давлат барои ин ҳиммати ҳотамӣ ба имом -хатиби шаҳри Панҷакент мулло Облоқул изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Хотиррасон мекунем, ки дар натиҷаи обхезиҳои рӯзҳои 8 - 13 моҳи июли соли равон деҳоти Шинг, Рӯдакӣ ва Хурмӣ, ҷамъ 8 деҳа аз ин офати табиӣ зарари ҷиддӣ диданд. Хонаҳои 466 оила пурра ва 230 оилаи дигар қисман вайрон шудаанд.

Дар ин ҷо бояд 500 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода шаванд. Имрӯз бо маслиҳати Президенти мамлакат шаҳраки ҳозиразамони навбунёд номи шаҳри қадимии дорои таърихи 6-ҳазорсола - Саразмро гирифт.

Сипас Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ёдгориҳои таърихии шаҳри бостонии Саразм дидан карда, бо рафти корҳои ҳафриётӣ ва пажӯҳишҳои бостоншиносон ошноӣ пайдо намуд ва ба масъулин дастуру супориш дод, ки ин мавзеъро ба ҷашни 15-солагии Истиклолияти давлатӣ хуб омода созанд, чунки ин мавзеъ яке аз зиёратгоҳҳои меҳмонони ҷашни 15-солагии истиқлол ва форуми тоҷикони ҷаҳон хоҳад гашт. Хотиррасон мекунем, ки аз ҷониби созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО, Саразм ба номгӯи ёдгориҳои таърихии тамаддуни ҷаҳонӣ шомил гаштааст ва корҳои тадқиқотию ободсозии он мувофиқи Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 21 сентябри соли 2000 ин ҷониб идома дорад.

Баъди анҷоми барномаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 сентябр ба Душанбе баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520