Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

31.08.2005 18:00, шаҳри Хуҷанд

31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи ҳукумати вилояти Суғд бо роҳбарону мутахассисони вилоят вохӯрӣ доир намуд.

Сарвари давлат оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Суғд баромад карда, бурду бохти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоятро дар нимсолаи аввали соли равон мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар рафти маҷлис бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, сохторҳои вилоятию ноҳиявӣ ва соҳибкорони пешқадам атрофи масоили гуногуни фаъолияти хоҷагии халқи вилоят муҳокимарониҳо сурат гирифтанд.

Дар фароварди ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ба роҳбарони зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ дастурҳои мушаххасу қатъӣ дода, фармуд, ки мӯҳлат ва сифати иҷрои онҳо зери назорат гирифта шавад.

Сарвари давлат ба соҳибкорони вилояти Суғд барои корҳои ободонии шаҳри Кӯлоб, ки дар доираи омодагӣ ба 2700-солагии ин шаҳри бостонӣ анҷом додаанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз сӯҳбатҳои самимию ғамхории беназири Сарвари давлат нисбат ба  ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи имрӯза илҳом гирифта, як қатор соҳибкорони дорои ҳисси баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ дар назди Президенти мамлакат ва аҳли маҷлис як қатор ӯҳдадориҳоро ба зимма гирифтанд.

Сарвари ширкати "Хуҷанд-инвест-коттон" Неъматов қавл дод, ки боз 2 корхонаи хурди равғанкашӣ дар вилояти Хатлон ва як корхонаи ресандагӣ бо иқтидори коркарди 3000 тонна нахи пахта дар ноҳияи Зафаробод бунёд мекунад.

Соҳибкори дигар Ҳакимов қавл дод, ки то соли 2007 бо иқтидори коркарди 3000 тонна нахи пахта як корхонаи ресандагиро дар ноҳияи Спитамен фаъол месозад.

Бунёди ҳамин гуна корхонаро то соли 2007 бо иқтидори коркарди 5000 тонна нахи пахта  дар ноҳияи Мастчоҳ соҳибкор Ҷамшед Абдулов бар ӯҳда гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520