Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз қисми низомии Гвардияи миллӣ ва қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа

31.08.2005 14:00, шаҳри Хуҷанд

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии Гвардияи миллӣ ва қисми ҳарбии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дидан карда, бо шароитҳои зист, хурду хӯрок, вазъи омодагии қисмҳои ҳарбӣ ошно шуд ва онҳоро бо иди истиқлол табрик намуд.

Ба командири қисми низомии Гвардияи миллӣ Зафар Самадов ки зодрӯзаш дар арафаи иди истиқлолият рост омадааст, калиди хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим карда шуд.

Дар мактаб-парваришгоҳи махсуси шаҳри Чкаловск Президенти мамлакат бо тарбиятгирандагону омӯзгорони онҳо сӯҳбати самимию хотирмон анҷом дод. Президенти мамлакат зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки барои кӯдакон дар оғози соли хониш ва арафаи иди Истиқлолият аз маоши худ якмаҷмӯӣ либосҳои мактабии тобистона ва зимистона тӯҳфа менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520