Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи равғанкашии "Комрон Агро-холдинг"

31.08.2005 10:00, шаҳри Хуҷанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи аввали рӯзи 31-уми август бо фаъолияти корхонаи равғанкашии "Комрон Агро-холдинг" шинос шуд. Сарвари давлат аз хатти технологии наву замонавии ин корхонаи муосири равғанкашӣ дидан карда, рушду инкишофи минбаъдаи соҳибкориро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ислоҳоти иқтисодӣ ва пайвастан ба муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байналхалқӣ арзёбӣ намуд. Созмон ёфтан ва арзи вуҷуд кардани ширкати "Комрон агрохолдинг", ки бо технологияи пешрафтаи имрӯза аз чигити пахта равғани поки растанӣ истеҳсол менамояд, маҳз дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон имконпазир гардид.

Корхона моҳи марти соли равон ба фаъолият шурӯъ намуд ва то ин давра беш аз 2000 тонна равғани поки хушсифати растанӣ истеҳсол намудааст. Созмондиҳандаи ин корхона ширкати "Хуҷанд-Инвест Коттон" мебошад. Фаъолияти ин корхона намунаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷорӣ намудани технологияи пешрафта дар иқтисодиёти мамлакат аст.

Алҳол дар корхонаву коргоҳҳои мансуби ширкат 3500 нафар соҳиби ҷои кор буда, маоши баланд мегиранд. Ширкат сарпарастии як беморхона ва як мактабро низ бар дӯш гирифтааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520