30 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ширкат намуд.
Сохтмони бинои дуюми таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров маҳз бо кӯмаку дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нав оғоз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари қаблии хеш ба муҷтамеи варзишии Донишгоҳ баҳри аз нав оғоз бахшидан ва вусъат додани корҳои сохтмонии бинои дуюми таълимии он, ки беш аз 15 сол нотамом монда буд, 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давоми як сол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бинои корпуси таълимии Донишгоҳ аз ҷониби идораҳои Суғддеҳсохтмон-1 ва 2-и Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин бо иштироки устодону донишҷӯён сохта шуд. Аз хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хариди маводи хониш 298 ҳазору 232 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Дар натиҷа бинои нави таълимии донишгоҳ бо тарҳи наву дилрабо, бо сифати баланди сохтмонию корҳои пардоздиҳӣ ва бо таҷҳизоти муосири техникӣ, васли интернет, компютер, воситаҳои ахбори дохилии аудиовизуалӣ, устохона ва кабинетҳои таълимии ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ омода гардид.
Сардори давлат аз синфхонаҳо ва толорҳои таълимӣ, утоқҳои компютерию маркази интернет дидан карда, бо устодони донишгоҳ сӯҳбат намуд.