Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кушодашавии бинои нави беморхонаи муттаҳидаи рақами 1 шаҳри Хуҷанд

30.08.2005 14:00, шаҳри Хуҷанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии бинои нави беморхонаи муттаҳидаи рақами 1 шаҳри Хуҷанд ширкат намуда, аз шароитҳои табобатию кории ин бино ва таҷҳизоти техникии он дидан кард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти ин бинои нави беморхона дар вазъияти тантанавӣ оғоз бахшид.

Бояд қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. Ҷиҳати ба истифода додани қисми дуюми бинои беморхонаи клиникавии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд аз фонди захиравии Президенти мамлакат 1130 ҳазор сомонӣ ва барои хариди таҷҳизот 265 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Ин бинои беморхонаи шаҳрӣ, ки аз 3 ошёна иборат аст, бо сифати баланд сохта ва бо таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Беморхона дорои се шӯъба ва 105 кат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино утоқҳои ташхиси бемориҳои сар, гурда, узвҳои ҳозима амал мекунанд, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъминанд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо бинои беморхона Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он сӯҳбати самимию ошкоро анҷом дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520