Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

26.08.2005 09:00

26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амри худ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор кард, ки аз ҳисоби фонди захиравии Сарвари давлат ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариди сару либос, пойафзол ва лавозимоти варзишӣ ҳамчун тӯҳфа ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ ба таври нақдӣ 28 503 ( бисту ҳашт ҳазору панҷсаду се) сомонӣ ҷудо намояд.

Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520