Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.08.2005 12:00, шаҳри Душанбе

22 август бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 52 ва 132-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015", ғанӣ гардондани фазои иттилоотии мамлакат шабакаи нави телевизионӣ бо номи "Сафина" таъсис дода шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2005 Пиров Маҳмадсаид Шоҳидинович аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи директори телевизиони "Сафина" таъин карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Каримхон Муродович аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод ва Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич - муовини директори Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дил, рагҳои хунгузар ва қафаси сина, доктори илмҳои тиб ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин карда шуд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадуллоев Раҳматулло аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович - сардори идораи саҳҳомигардонии қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520