Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон

19.08.2005 16:00, ноҳияи Восеъ

19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ омада, нахуст аз ёдгории беназири таърихии Ҳулбук боздид намуд.

Тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар Қалъаи Ҳулбук хатҳои обгузаронӣ ва шабакаи гармидиҳӣ истифода мешудаанд, ки аз санъати баланди шаҳрдории аҷдодони мо шаҳодат медиҳанд. Ҷасадҳои пайдошудаи аз 2 то 2,5 метраи мардону занон далели азимҷуссагию қоматбаландии гузаштагони мост.

Сарвари давлат ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор баҳри вусъати тадбирҳои археологию навсозии қалъа бо ҷалби мутахассисони ҷавон аз Академияи улум ва донишгоҳу донишкадаҳо вазифа гузошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ин муҷтамааи таърихӣ зикр намуд, ки ёдгории бостонии Ҳулбук яке аз иншооти марказии ҷашни 2700 -солагии шаҳри Кӯлоб мебошад ва то рӯзҳои ин чорабинии муҳим бояд дар сатҳи олӣ барқарор ва таъмиру таҷдид ёбад.

Дар ноҳияи Восеъ раванди бунёдкорӣ авҷ мегирад. Ояндаи наздик 5 бинои мактаб комилан таъмиру таҷдид карда мешавад. Дар соҳаи кишоварзӣ нишондиҳандаҳо умедбахшанд. Дар хоҷагии деҳқонии "Хоҷамӯъмин" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи кори деҳқононро, ки аз аввалинҳо шуда, ба ғунучини ҳосили пахта шурӯъ намуданд, мусбат арзёбӣ кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520