Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария (Glencore International AG) Айван Глазенберг

20.04.2016 10:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар  Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот фаъолияти Ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат муҳим арзёбӣ шуда, таъкид  гардид, ки  ҳанӯз  ҳам дар раванди пешбурди муносибатҳои  ҳамкорӣ  имконоту  иқтидорҳои  истифода  нашуда зиёд ба назар мерасанд.

Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария аз соли 2007 инҷониб бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» шартномаи ҳамкорӣ дошта дар таъмини эҳтиёҷоти  ин корхонаи  бузурги саноатии мамлакат бо гилхок ва алюминийии аввалия саҳм мегузорад.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ  ва афзун кардани ҳаҷми сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520