19 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад:
"Сарфарозу масрурам, ки Ҷалолатмаоб ва мардуми бародари Афғонистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни 86-умин солгарди истирдоди истиқрори кишвари дӯст ва ҳамсоя самимона табрик ва таҳният намоям.
Мо аз дастовардҳои таърихии кишвари Шумо дар таъмини тадриҷии субот ва амнияти саросарӣ, татбиқи усул ва арзишҳои демократӣ ва эҳёи Афғонистон қалбан шодем ва хоҳони комёбиҳои бештари Шумо мебошем.
Имсол дар раванди рушди равобит ва ҳамкории дӯстонаи мо марҳилаи амалан нав оғоз шуд. Ман мутмаинам, ки татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда ва барномаҳои дарозмуддати ҳамкории ду кишвар комилан ҷавобгӯи манфиатҳои миллӣ ва вазифаҳои стратегии ду кишвари дӯст, амният, субот ва пешрафти минтақа аст.
Ба Ҷалолатмаоб саломатӣ ва комёбиҳои нав ба нав ва ба мардуми бародари Афғонистон саодату хушрӯзӣ таманно дорам".