17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдхойоно барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
"Ҷаноби аълоҳазрат, Шумо ва тамоми халқи Индонезияро ба муносибати Иди миллии мамлакататон - Рӯзи эълони истиқлолияти Ҷумҳурии Индонезия самимона табрик менамоям.
Тоҷикистон бо мамлакати зебои Шумо таҷрибаи калони ҳамкорӣ дорад ва ба равнақу ривоҷи муносибатҳои давлатҳоямон манфиатдор буда, тайёр аст, ки барои вусъати муносибатҳо ва ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Индоезия кӯшиш ба харҷ диҳад.
Аз ин фурсати мусоид истифода бурда, ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатӣ, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Индонезия сулҳу ободӣ ва рӯзгори фараҳмандона орзу менамоям".