Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед

09.08.2005 15:00, Таиланд

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар музофоти Клай Кангвол бо Шоҳи Таиланд Пумипон Адунядед, ки аз соли 1950 тахтнишин аст, дидор ва мулоқот намуд.

Шоҳ Пумипон Адунядед ба талошу заҳматҳои башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди суботу амнияти Осиё ва кулли сайёра баҳои баланд дода, гуфт, ки баҳри вусъати ҳамкориҳои бобарору стратегӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амиқу бетаъхир меандешад. "То сафари расмии Сарвазири Таиланд боз ҳайатҳои бонуфузи давлатӣ ва соҳибкорони соҳибтаҷрибаи Шоҳигарии Таиланд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуда, роҳҳои наву самаровари ҳамкориро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд", - афзуд Шоҳи Таиланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои мусоҳиба бо гурӯҳи хабарнигорони телевизиони саросарии Шоҳигарии Таиланд густариш ва рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мамолики Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷӣ арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бою арзишманди табиӣ ва стратегӣ, нерӯи арзони корӣ, инфраструктураи зарурӣ ва заминаҳои рушди босуръату устувори иқтисодӣ мебошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон дар посух ба саволҳои сершумори хабарнигорон гуфт, ки дар 5-соли охир рушди солонаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ беш аз 10 фоизро ташкил дода, маҷмӯан ба 60 фоиз расид.

Танҳо дар соли 2004 дар ҳудуди 2,5 млрд доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сармоя ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардида, ба татбиқи лоиҳаҳои азиму стратегӣ замина гузошт.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти пайвандҳои деринаи таърихӣ, ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ субъектҳои мухталифи иқтисодии Шоҳигарии Таиланд метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, саноати сабук ва туризм саҳми фаъол ва шоиста гиранд. "Ҳамзамон барои таъмини манфиатҳои муштарак, ҳифзу таҳкими суботу амният, пешгирии таҳдидҳо ва хатарҳои муосир вусъати ҳамкории васеи минтақавӣ, байниминтақавӣ ва ҷаҳонӣ амри зарурию афзалиятнок аст", - афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520