Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Таиланд

09.08.2005 13:00, Таиланд

Маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди қасри Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд ҷараён гирифт.

Дар мулоқоти як ба як Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву техникӣ баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбати самимию тӯлонӣ тарафҳо оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ бо ҷалби сармоя, саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои доираҳои соҳибкорӣ, ташкили корхонаҳои муштарак ва вусъати муносиботи бисёрҷанбаро аз масъалаҳои аввалиндараҷаи рӯз ва нияту хоҳишҳои мардуми Тоҷикистону Таиланд арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеъ ва намояндагони бахши хусусӣ, роҳбарони як қатор корхонаю муассисаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра омодагии амиқи ҳукуматҳои ҳарду ҷонибро дар мавриди таҳкими рӯзафзуни муносиботи ба тарафҳо манфиатнок изҳор дошта, нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Шоҳигарии Таиланд оғози бобарори рушди робитаҳои пурсамар маънидод карданд.

Дар ҷараёни гуфтушунид ба масъалаи дарёфти роҳҳои нави мубориза алайҳи истеҳсолу интиқоли маводи нашъадор аҳамияти махсус дода шуд.

Таксин Шинаватра аз омодагии комили Ҳукумати Шоҳигарии Таиланд ёдрас шуда, таъкидан гуфт, ки ҳатман бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада, дар татбиқи ҳарчи зудтару самарабахши созишномаҳои ҳамкорӣ шахсан саҳмгузорӣ хоҳад кард. "Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими амнияту суботи байниминтақавию ҷаҳонӣ пурарзиш аст", - афзуд Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра.

Ҳайатҳо барои такмил додани пояи ҳуқуқии инкишофи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд тариқи омодасозии созишномаҳои дуҷониба, аз ҷумла Созишнома оид ба каноргирӣ аз андозбандии дукарата ба мувофиқа расиданд.

Ҳарду ҷониб ҳолат ва дурнамои инкишофи муносибатҳои Тоҷикистону Таиландро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, бо изҳори таваҷҷӯҳи муштарак ба фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими ҳамкориҳои пурсамар дар соҳаҳои мухталиф, қабл аз ҳама бо қаноатмандӣ аз он, ки таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд ҷавобгӯи манфиатҳои аслии ҳар ду мамлакат мебошанд ва ба таъмини сулҳу амнияти устувор дар қитъаи Осиё ва ҷаҳон хидмат мекунад, баъди анҷоми музокирот дар сатҳи олӣ ба 7 санади муҳими ҳамкорӣ имзо гузоштанд.

Дар нишасти матбуотӣ барои намояндагони васоити ахбори омма Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра натиҷаҳои мулоқоту вохӯриҳои пурмӯҳтавои заминагузори ояндаи неку самарабахши ҳамкориҳои дуҷонибаро нек арзёбӣ намуданд.

Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Таксин Шинаватра, аз ҷумла чунин гуфт:

"Мо ба рушди ҳамкориҳо бо давлати Тоҷикистон манфиатдор буда, имзои созишномаҳои имрӯзаро оғози нияту нақшаҳои неку ояндадор меҳисобем.

Аз он ки Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати моро пазируфта, бо ташрифи расмӣ ба Таиланд омаданд, хеле каноатманду шарафманд ҳастем.

Сарвари давлати Тоҷикистон сиёсатмадори маъруф ва дорои хусусиятҳои фарқкунандаи башардӯстӣ мебошанд.

Ман шахсан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар хоҳам намуд, то ки бо Ҷаноби Олӣ ҳарчи зудтар ба татбиқи нияту нақшаҳои нек ва амалисозии созишномаҳо саҳм гузорем. Ман ба ояндаи пурсамари робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Таиланд эътимоди амиқ дорам".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520