Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо дастовардҳои илмиву саноатӣ ва кишоварзии Шоҳигарии Таиланд

09.08.2005 08:30, Таиланд

8 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд омад. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бангкок Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири энергетикаи Шоҳигарии Таиланд Висен Чупибен ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи нахустин сафари расмии худ ба Шоҳигарии Таиланд бо дастовардҳои илмиву саноатӣ ва кишоварзии ин мамлакати пешрафта шинос гардид.

Дар маркази кишоварзию саноатии мутааллиқи Шоҳи Таиланд таҷрибаи нодир аз зироатҳои кишоварзӣ тавлид кардани маҳсулоти ниҳоӣ бо усули коркарди партовҳо, истифодаи мақсадноки ҳар як қисмати маҳсулот ва риояи талаби сифату миқдор мушоҳида мегардад, ки ба роҳ мондани он аз фоида холӣ нест. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати соҳибкорони ватаниро, ки дар ин сафар Сарвари давлатро ҳамроҳӣ менамуданд, ҷиҳати истифодаи таҷрибаи пешқадами деҳқонону саноатчиёни Шоҳигарии Таиланд ҷалб кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520