1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ барқияи тасаллият фиристод, ки дар он гуфта мешавад:
"Дар натиҷаи борону селҳои паёпай, обхезиву ярчҳо ба ҳалокат расидани садҳо шаҳрвандони Ҳиндустони дӯст моро басо ғамгину андӯҳгин сохт.
Аз номи мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон ба Шумо ҳамдардии амиқ баён намуда, хоҳишмандам ба оилаҳои ҳалокшудагон ва наздикони онҳо тасаллияти моро бирасонед".