Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак

14.07.2005 09:00, шаҳри Душанбе

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди миллии халқи Фаронса Рӯзи гирифтани Бастилия - ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Ширак барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:

"Ба ман ҳаловати бузург мебахшад, ки ба муносибати иди миллии мамлакататон таҳниятҳои самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро ба Шумо ва ба ҳамаи халқи Фаронса ирсол намоям.

Мехоҳам ба сатҳи имрӯзаи ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баҳои баланд дода, изҳор намоям, ки мо барои рушду густариши ҳамкории байни мамлакатҳоямон, ки дар принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми якдигар ва ба назар гирифтани манфиатҳои ҷонибайн асос ёфтааст, саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳем".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520