Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тони Блейр

08.07.2005 16:00, шаҳри Душанбе

8 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тони Блейр бинобар сабаби ҳодисаҳои бешумори террористӣ дар шаҳри Лондон, ки боиси фавти даҳҳо шаҳрвандони бегуноҳ гардид, барқияи тасаллият фиристода изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян муқобили терроризм буда, бо кулли мамолики муқовиматгари ин ваҳшоният муттаҳид аст ва ҷиҳати саҳмгузорӣ дар муборизаҳои ҷаҳонии зидди таҳдидҳои глобалӣ омода мебошад.

Дар хотимаи барқия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Тони Блейр хоҳиш намудааст, ки тассалият ва ҳамдардии амиқи тоҷикистониёнро ба наздикон ва хешовандони ҳалокшудагон ва зарардидагон расонад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520