Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш

04.07.2005 09:00, шаҳри Душанбе

4 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

"Ба муносибати солгарди Рӯзи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринамро ба халқи Амрико қабул фармоед.

Тоҷикистон ба сатҳу суръати солҳои охир бадастомадаи рушди ҳамкории байни ҳарду мамлакат баҳои баланд медиҳад. Мо аминем, ки ҳамкории самарабахши байни давлатҳоямон, ки дар саъю кӯшиши ҷонибайн баҳри демократияву пешрафт қарор дорад, минбаъд ҳам мустаҳкам гашта, густариш меёбад.

Иҷозат диҳед ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии бардавом, саодату беҳбудӣ ва ба халқи дӯсти Амрико сулҳу шукуфоӣ орзу намоям".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520