Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.06.2005 17:30, шаҳри Душанбе

30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис "Дар бораи ҷашнгирии 15-солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" буд.

"Истиқлолият бузургтарин дастоварди сиёсии Тоҷикистониён аст", - таъкид  кард Сарвари давлат ва бо мақсади  дар сатҳи  баланди ташкилӣ гузаронидани ин ҷашни таърихӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бо қарори маҷлис ду лоиҳаи қонун - лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи  Ассосиатсияҳои истифодабарандагони об" ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ирсол гардиданд.

Аснои муҳокимаи масъалаи  "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, тамоюли маъюбшавӣ ва роҳҳои пешгирии он" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  масъулинро дар мавриди тезонидани  ҷараёни омодагӣ ба бунёди литсей-интернати  президентӣ барои ятимону бепарасторон дар вилояти Хатлон барои 1500 нафар вазифадор намуд.

Маҷлис лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро маъқул дониста, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Дар асоси Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  беҳтар намудани  ҳолати  мелиоративии заминҳои обёришавандаи  кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар солҳои  2005-2009 тадбирҳои аввалиндараҷа амалӣ шуда, дар чор соли  оянда 55,5 ҳазор гектар замин обшор гардонида мешавад, ки омили муҳимми рушди кишоварзӣ ва тавлиди ҳазорҳо ҷойи корӣ хоҳад буд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Барномаи заминавии кӯмаки тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2006-2015 ва Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015-ро тасдиқ намуда, дар бораи таъсиси Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоби Тоҷикистон ва дар бораи таҷлили 85-солагии зодрӯзи академик М.Осимӣ қарор қабул карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хатми маҷлис ба роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520