Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ бахшида ба рӯзи "Ваҳдати миллӣ" дар ноҳияи Рӯдакӣ

27.06.2005 14:00, ноҳияи Рӯдакӣ

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири иштирок дар чорабиниҳои муҳимми сиёсию фарҳангӣ бахшида ба рӯзи "Ваҳдати миллӣ" ба ноҳияи Рӯдакӣ омад.

Нахуст Сарвари давлат аз намоиши дастовардҳои заҳматкашони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ва расму оинҳои мардум, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан кард.

Баъди тамошои намоишгоҳи дастовардҳои миллии сокинони ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳузури иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ пардаро аз рӯи муҷассамаи асосгузори  адабиёти тоҷику форс Абуабдулло Рӯдакӣ  кушод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин сухан ронда, нахуст иштирокчиён ва дар шахси онҳо тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистонро бо ин рӯзи фараҳбахш шодбош гуфт.

Сарвари давлат пардабардорӣ аз рӯи  муҷассамаи  асосгузори адабиёти классикиии тоҷику форс, Одам-уш-шуаро Абуабдулло Рӯдакиро, ки ба рӯзи  Ваҳдати миллӣ рост омадааст, саҳифаи муҳимму хотирмоне дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки дар таърихи пурифтихори миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо Исмоили Сомонӣ ба бунёди аркони давлатдории миллӣ, гиромӣ доштани фарҳангу арзишҳои маънавии ниёгон ба сатҳи давлатӣ бардоштани  забони тоҷикӣ хизматҳои шоён карда бошад, Абуабдулло Рудакӣ бо осори гаронбаҳо, суханҳои шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷику форс асос гузоштааст.

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи  кунунии рӯзгори мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар хонаи истиқоматии оилаи  Юсуфовҳо сокинони кӯчаи  Тоҷикистони шаҳраки Сомониён меҳмон шуда, бо аҳли оила, намояндагони  занон ва собиқадорони  меҳнати ноҳия ҳамсӯҳбат шуд.

"Ҳадафи ниҳоии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  марҳила ба марҳила баланд бардоштани  сатҳи  некӯаҳволии мардум, ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии шаклҳои  нави  пешрафт, рушди соҳибкории хурду миёна ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди меҳнату фароғатии заҳматкашон аст", - гуфт аснои мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Собиқадорони меҳнати  ноҳия аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки бо шарофати ваҳдати миллӣ ба рӯзгори осудаю обод расида, паи  созандагию бунёдкорӣ талош доранд. Маошу нафақа ва ёрдампулиҳоро сари вақт мегиранд. "Даромади асосии меҳнаткашони ноҳия аз истифодаи самараноки замин аст",- таъкид намуданд онҳо.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аснои сӯҳбат ҳамзамон ба масъалаҳои танзими оила, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи хештаншиносию ватанпарастӣ, даъвати ҷавонон ба ободкорию созандагӣ, инчунин аз ҳисоби  даромадҳои  мақомоти маҳаллӣ беҳтар намудани шароитҳои муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг мароқ зоҳир намуда, ба раиси ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дод.

"Ҷавонон дар ҷомеаи  навини Тоҷикистон нерӯи азиму тавоно ва навовару ташаббускоранд",- андешаронӣ намуд ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони ҷавонони ноҳияи Рӯдакӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сӯҳбати Сарвари давлат бо ҷавонон ҳамчун идомаи мантиқии мулоқоти рӯзи 21 майи  соли равон бо ҷавонони мамлакат баргузоргардида пурмӯҳтаво, самимию озод ва фарогири  мушкилоту пешравиҳои созандагони фардо буд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба татбиқи амалии дастуру супориш ва таклифу пешниҳодоти дар мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо намояндагони ҷавонони  сарзамин баёншуда, тавассути  квотаҳои президентӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ фиристодани  ҷавонони арзандаву лаёқатманд, таъмини шароитҳои боз ҳам фарохтари омӯзиши технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи бештар  зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520