Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо мушовири махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид профессор Ҷефри Де Сакс

26.06.2005 09:00, ноҳияи Варзоб

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи беруназшаҳрии худ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб мушовири махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид профессор Ҷефри Де Саксро ба ҳузур пазируфт.

Дар сӯҳбати самимию созанда маҷмӯи  васеи  масъалаҳои  ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ ва дурнамои  муносибатҳои  дуҷониба баррасӣ шуданд.

"Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи "Ҳадафҳои рушди ҳазорсола"-ро омили муҳимми дарёфти  роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ медонад", - таъкид  намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Раванди муваффақонаи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷараёни муътадили макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифодагари татбиқи амалии стратегияи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмӯъ "Ҳадафҳои рушди ҳазорсола" мебошад. Тавре дар вохӯрӣ таъкид гашт, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоӣ талош ба харҷ дода, ҳар сол танҳо барои рушди маориф 16 дарсади буҷаи давлатӣ равона карда мешавад. Ояндаи наздик баробари таъмини 100 фоизаи  мактабҳо бо ашёи  хониш, таъмини ройгони 50 дарсади хонандагон аз оилаҳои камбизоат бо хӯроки гарм дар назар аст. Бо мақсади  ҷалби духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тариқи квотаи президентӣ, ҳар сол қариб 1000 нафар дар мактабҳои олӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки СММ ва лоиҳаи барномаи "Ҳадафҳои рушди ҳазорсола" иқдомҳои моро дар самти  расидан ба "Ҳадафҳои рушди ҳазорсола" ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520