22 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот кард. Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
- "Мо аз густариши муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ бо Федератсияи Россия қаноатмандем", - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
"Баъди сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ дар ҷодаи робитаҳои ба ҳар ду тараф манфиатнок марҳилаи сифатан беҳтару созанда оғоз ёфт, ба хусус татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ вусъати амиқ пайдо кард", - таъкид гардид дар мулоқот.
Ҷонибҳо дар мавриди сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1", "Роғун" ва таъсиси консорсиуми байналмилалӣ табодули назари судманд намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир ба масъалаҳои рӯзномаи кории ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС ва Иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ таклифу пешниҳодоти ҷолиб баён доштанд.
Дар сӯҳбат ба масъалаҳои дахлдори мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, иҷрои амалии созишномаҳои марбутаи дар мулоқотҳои қаблӣ ҳосилшуда, инчунин ба мавзӯоти дорои аҳамияти минтақавию байналмилалӣ, вусъати раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон ва дар ҳамин асос таҳкими мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.