21 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзия ва Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия парвоз кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Домодедовои шаҳри Маскав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Доку Завгаев, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сафар Сафаров ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.